Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ду тоҷик баъди талоши фирор аз боздоштгоҳ


Шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Дзержинскийи вилояти Калугаи Русия алайҳи ду шаҳрванди 33 ва 25-солаи Тоҷикистон бар асоси қисми аввали моддаи 318-уми Кодекси ҷиноии Русия бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин ду нафар ба он айбдор мешаванд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ талош кардаанд, аз боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷии маҳкум ба ихроҷ аз Русия дар шаҳраки Якшуново фирор кунанд. Дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия гуфта мешавад, ки вақте маъмурони ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – мехоҳанд пеши роҳи фирориёнро бигиранд, яке аз онҳо бо мушт ба рӯи яке аз маъмурон зарба мезанад ва дувумӣ бо як калтаки чӯбӣ бақияро таҳдид мекунад. Аммо муҳофизони боздоштгоҳ низ ба ҷои ҳодиса расида, ҳарду муҳоҷири тоҷикро дигарбора дастгир мекунанд. Қисми якуми моддаи 318-уми Кодекси ҷиноии Русия барои ҳамла ба намояндаи давлат ҳамчун ҷазо то 200 рубл ҷарима, ё то 5 сол корҳои ислоҳӣ ваё ҳукми зиндон ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 5 солро пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG