Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи фурӯши барқ ба Қирғизистон маълум шудааст


Темир Сариев

Темир Сариев

Қирғизистон дар мавсими гармо аз Тоҷикистон 500 миллион киловатт-соат нирӯи барқ мехарад. Темир Сариев, сарвазири Қирғизистон, ки бо сафаре дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 9 июн гуфт, Тоҷикистон нирӯи барқашро бо нархи ҳамагӣ 2,5 сент мефурӯшад, ки нисбат ба 8 сент нархи нирӯи барқе, ки Қирғизистон аз Қазоқистон мехарид, хеле арзонтар аст.Сариев гуфтааст, дар масъалаи нарх дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ ҳосил шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон қаблан ба нархи 3,5 сент барои ҳар киловатт нирӯи барқаш исрор дошт.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, музокирот бо ҷониби Қирғизистон идома дорад, вале ниҳоӣ шудани нархи фурӯши барқ ба ин кишвари ҳамсояро дар ҳоли ҳозир тасдиқ ё инкор карда наметавонад.

Тоҷикистон дар мавсими тобистон ба далели тавлиди аз эҳтиёҷаш бештари нирӯи барқ як қисми онро ба Қирғизистону Афғонистон мефурӯшад. Аммо дар мавсими сармо, ки оби обанборҳои нирӯгоҳҳояш кам мешавад, мардуми ин кишвар то 6 моҳ ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешаванд. Лимити барқ дар Тоҷикистон имсол аз октябр то поёни моҳи феврал идома дошт.

XS
SM
MD
LG