Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки бар асари зарбаи ҳавопаймоии ҷангии онҳо ба минтақаи қабоилнишини шимолу ғарби кишвар дасти кам 12 гумонбар дар узвият ба гурӯҳҳои зиддидавлатӣ кушта шуданд. Бино ба изҳороти онҳо, зарба рӯзи 9 июн ба як мавзеи минтақаи Хайбар дар наздикиҳои марз бо Афғонистон зада шудааст.

Зарбаи ҳавопаймои ҷангӣ як рӯз баъд аз сурат гирифт, ки ба иттилои низомиёни покистонӣ, дар як даргирӣ дар минтақаи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ 19 ситезаҷӯ ва ҳафт сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расиданд.

Амалиёти артиши Покистон алайҳи ситезаҷӯён дар Вазиристони Шимолӣ як сол пеш шурӯъ шуда ва ҳадафи он - пок кардани манотиқи қабоилнишин аз гурӯҳҳои зиддавлатӣ ва гурӯҳҳоест, ки аз хоки кишвар ба Афғонистони ҳамсоя ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG