Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ДИИШ аз хоки Ироқ ронда мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳори итминон кард, ки гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” (ДИИШ) аз хоки Ироқ ронда мешавад ва аммо иқрор намуд, ки дар маъракаи низомӣ алайҳи исломгароҳо нокомиҳо низ буданд. Ӯ рӯзи душанбе баъд аз мулоқот бо нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ дар долонҳои нишасти “ҳафтгона” – ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии олам, дар Олмон гуфт, ки ИМА таълиму тамрин ва кӯмак ба нерӯҳои амниятии Ироқро идома медиҳад.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки таълиму тамрини низомиён роҳи ҳалли мушкил нест ва барои мубориза нерӯҳои нав, қабл аз ҳама, сунниҳои Ироқ бояд ҷалб карда шаванд. Обама гуфт, “мо намояндагони қабилаҳои сунниеро вохӯрдем, ки на фақат барои ҷанг бо мусаллаҳони “Давлати исломӣ” омодаанд, балки ба ҳамлаҳои онҳо ҷавоби сазовор додаанд”.

Президенти ИМА афзуд, ки Ҳайдар Ибодӣ аз таъсиси ҳукумати фарогири Ироқ бо ҳузури намояндагони ҳама дину мазҳаб ва қавмҳои кишвар пуштибонӣ мекунад. Аммо дар ин самт, ба гуфтаи Барак Обама, корҳои зиёдеро бояд анҷом дод.

XS
SM
MD
LG