Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисори 10 фоизи кормандони HSBC


Бузургтарин бонки аврупоӣ – HSBC рӯзи 9 июн эълом дошт, ки 25 ҳазор корманди худро дар сартосари олам ихтисор мекунад. Ихтисори кормандон – як бахши талошҳои бонк барои боло бурдани даромад аз тиҷорат аст.

Қарор аст, ки даҳ дар сади кормандони HSBC аз ҷойҳои корашон маҳрум шаванд – айни ҳол дар бонки 266 ҳазор нафар кор мекунанд. Тақрибан 8 ҳазор кормандони филиалҳои бонк дар Бритониё ихтисор мешаванд.

HSBC ҳамчунин тасмим дорад, ки баъзе аз бахшҳояш дар Туркия ва Бразилияро фурӯшад. Масъулини бонк ҳамчунин мехоҳанд, ки қароргоҳи асосии худро аз Лондон кӯчонданд – қарор дар ин бора то охири сол қабул хоҳад шуд. Бар пояи бархе хабарҳо, шояд дафтари асосии бонк ба Ҳонконг интиқол ёбад.

Чаҳор соли ахир бонкҳои бритониёвӣ маҷбуранд, ки андози иловагии солонаро пардохт кунанд – соли гузашта HSBC ба буҷаи Бритониё тақрибан 1 миллиард доллар андоз супурда буд.

XS
SM
MD
LG