Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвими бозиҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон


​Тақвими бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни наврасон ва ҷавонон бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон мувофиқи тақвими бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи «С» нахустин бозиашро 16 сентябр бо тими Ироқ анҷом медиҳад. Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар даври дувум 18 сентябр бо мунтахаби Туркманистон ва дар даври севум 20 сентябр бо тими Қатар рақобат мекунанд. Бозиҳои гурӯҳи «С» дар пойтахти Қатар – Доҳа – баргузор мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии наврасони Осиё (U-16), ки соли 2016 дар Ҳиндустон барпо мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро ишғолнамуда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Тақвими бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни наврасон (U-16)дар гурӯҳи «С»:

Даври 1-ум

16 сентябр (чоршанбе)

Тоҷикистон – Ироқ

Қатар – Туркманистон

Даври 2-юм

18 сентябр (ҷумъа)

Туркманистон – Тоҷикистон

Ирақ – Қатар

Даври 3-юм

20 сентябр (якшанбе)

Қатар – Тоҷикистон

Ироқ – Туркманистон

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 (U-19) дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ироқ, Баҳрайн ва Молдив бозӣ мекунад. Даври интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешавад.

Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар даври аввали сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 рӯзи 2 октябр муқобили тими Ироқ бозӣ мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 4 октябр бо мунтахаби Баҳрайн ва дар даври ниҳоӣ 6 октябр бо мунтахаби Молдив вориди рақобат мешаванд.

Аз рӯи натоиҷи даври интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷавонони Осиё, ки соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро ишғолнамуда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Агар мунтахаби Баҳрайн дар ин гурӯҳ мақоми аввалро касб намояд ва ё ба қатори панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда дохил шавад, он гоҳ беҳтарин дастаи шашум аз ҷумлаи тимҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда шонздаҳумин ширкаткунандаи қаҳрамонии Осиё-2016 мегардад.

Тақвими бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон (U-19)дар гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Ироқ– Тоҷикистон

Баҳрайн – Молдив

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

Тоҷикистон – Баҳрайн

Молдив – Ироқ

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

Молдив – Тоҷикистон

Ироқ – Баҳрайн

XS
SM
MD
LG