Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноиб-президенти пешини Эрон боздошт шуд


Ҳомид Бақоӣ бо Маҳмуд Аҳмадинежод

Ҳомид Бақоӣ бо Маҳмуд Аҳмадинежод

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, мақомоти интизомии ин кишвар муовини пешини раиси ҷумҳури Эронро боздошт кардаанд. Ғуломҳусейн Муҳсини Эҷеӣ-сухангӯи додгоҳи Эрон ба матбуот гуфтааст, ки Ҳамид Бақоӣ 8 июн боздошт шудааст ва то ҳол дар бораи ин боздошт ва сабабҳои он чизе гуфта намешавад.

Бақоӣ дар давраи раёсати Маҳмуд Аҳмадинежод муовини раиси ҷумҳур дар умури иҷроӣ буд. Моҳи январи соли ҷорӣ як муовини дигари Аҳмадинажод Муҳаммад Ризо Раҳимӣ барои 5 сол маҳкум ба зиндон шуд ва додгоҳ ҳукм кард, ки вай барои ташкили як моҷаро 1 миллиону 100 ҳазор доллар пардохт кунад.

Кобинаи кунунии ҳукумати Ҳасан Рӯҳонӣ кобинаи давраи Маҳмуд Аҳамдинажодро барои тахаллуфоти молӣ дар давоми 8 соли ҳукуматаш муттаҳам медонад.

XS
SM
MD
LG