Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як мардикори тоҷик дар Новая Москва


Матбуоти Русия хабар дод, ки бар асари танаффуси дуди генератор дар як шаҳраки коттеҷҳо дар минтақаи Новая Москва дар пойтахти Русия як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ҳалок шуда, як муҳоҷири 34-солаи дигар аз Тоҷикистон дар ҳолати хеле вазнин ба бемористон бурда шудааст. Ин муҳоҷир то ҳол дар шӯъбаи реаниматсия қарор дошта, табибон барои наҷоти ҷони ӯ мубориза мебаранд. Хабаргузории “Балтинфо” – ношири ин хабар – аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии Маскав хабар дод, ки ҳодиса шаби гузашта дар СНТ “Заречъе” дар маҳаллаи Вороновское рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, як зани сокини маҳаллӣ ду шаҳрванди тоҷикро барои сохтани роҳи пиёдагард дар ҳавлиаш киро кардааст. Ҳарду дар гаражи ин манзил зиндагӣ мекарданд, вале шабона, соати 02.15 нирӯи барқ қатъ шуда, генератор ба таври автоматӣ ба кор даромадааст. Субҳ соҳиби хона дидааст, ки мардикорон нестанд ва тирезаи гараж мебинад, ки якеи онҳо аллакай мурда ва дувумӣ дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Мақомоти Русия мегӯяд, дар мавриди ин қазия парвандаи ҷиноӣ хоҳанд кушод.

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла ба иллати тасодум дар ҷои кор, ҷон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG