Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белгия амалиёти зидди тундравҳо баргузор шуд


Пулиси Белгия мегӯяд, ки дар ҷараёни як амалиёти зидди чечентаборони тундравҳои исломӣ 16 нафарро боздошт кардаанд. 8 июн додситонҳо гуфтанд, ки барои саркӯбии созмонҳои тундгарои исломӣ дар шаҳрҳои гуногун 21 амалиёт анҷом додаанд.

Як гурӯҳ барои гӯё ба нақша гирифтани ҳамлаи террористӣ дар Белгия таҳти тафтиш қарор дорад. Гумон меравад, ки ин гурӯҳҳо тундравҳои исломиро барои ҷанг дар Сурия сафарбар мекунанд.

Додситонии Белгия мегӯяд, ки дар ин гурӯҳҳо чеченҳое дохил мешаванд, ки дар ҷангҳои Сурияву Чеченистон ва Афғонистон ҷанг кардааанд ва таҷрибаи ҷангӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG