Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини мунтахаби Урдун дар Душанбе


Дастаи мунтахаби Урдун
Дастаи мунтахаби Урдун

​Мунтахаби футболи Урдун, ки 8 июн барои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе омад, ба аввалин тамрини худ шурӯъ кард.

Дастаи мунтахаби футболи Урдун, ки барои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Тоҷикистон 8 июн тавассути ҳавопаймо аз Дубай ба Душанбе омад, бегоҳи имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон ба тамрин шурӯъ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии тими миллии Урдун, ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон 26 бозигарро овардааст. Дарвоқеъ, Аҳмад Абу Исмоил моҳи марти соли гузашта ба ҳайси сармураббии тими “Зат Рас”-и Урдун ба шаҳри Хуҷанд омада буд ва дастааш дар бозии Ҷоми AFC “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Тими миллии Урдун пеш аз бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом додааст. Бозии аввали урдуниҳо дар шаҳри Ирбид бо мунтахаби Лубнон бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт. Бозии дувуми мунтахаби Урдун 5 июн дар Истамбули Туркия бо тими миллии Кувайт бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи урдуниҳо поён ёфт. Дар нимаи дувум кувайтиҳо ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Дар бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт ҳайати мунтахаби Урдун чунин буд: Умар Шафеӣ, Анас бани Ясин, Иброҳим Завоҳира, Едӣ Заҳрон, Аднан Адус, Аҳмад Самир, Баҳа Абдураҳмон, Абдулло Зиб (Муҳамммад Мустафо), Мунзир абу Амора (Едӣ Сайфӣ), Ҳасан Абдуфаттоҳ (Раид Навотир), Ҳамза Дардур (Юсуф Равошида).

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG