Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ дастаи лигаи аввал – дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон


​Бозиҳои ҷавобии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол панҷ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд.

Бозиҳои ҷавобии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки 7 июн натиҷагирӣ шуданд, панҷ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд.

Ба даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳои «Чашма» (Шаҳритус), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Канд» (Конибодом) ва «Помир» (Душанбе) роҳ ёфтанд. Боз як дастаи ширкаткунандаи 1/8 финал ғолиби ҷуфти «Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Панҷшер» (Румӣ) мегардад.

Бояд гуфт, ки даҳ дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Хайр» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб), ССКА «Памир» (Душанбе), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқи тоҷик» (Душанбе) ва«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2015 аз даври ҳаштякниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, қуръакашии даври ҳаштякниҳоӣ бо ширкати намояндагони 16 даста (10 дастаи лигаи олӣ ва 6 дастаи лигаи аввал) дертар доир хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2015

Даври пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (якшанбе)

Минтақаи Душанбе

«Чашма» (Шаҳритус) — «Ҳулбук» (Восеъ) – 3-0 (ҳисоби техникӣ)

Бозии аввал: 2-0

«Ҳосилот» (Фархор) — «Саройкамар» (Панҷ) – 0-3

Бозии аввал: 3-4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Локомотив» (Душанбе) – 4-3

Бозии аввал: 2-0

Минтақаи Суғд

МТО (Хуҷанд) — «Исфара» (Исфара) – 2-1

Бозии аввал: 0-1

«Канд» (Конибодом) — «Эсхата» (Хуҷанд) – 4-2

Бозии аввал: 3-4

Даври пешакӣ. Бозии аввал

Минтақаи Душанбе

10 июн (чоршанбе)

«Кӯктош» — «Панҷшер»

Даври пешакӣ. Бозии ҷавобӣ

17 июн (чоршанбе)

«Панҷшер» — «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG