Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парванда алайҳи муовини имомхатиб


Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Додситони вилояти Суғд муовини имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров домулло Искандар Фиробҷанов ва панҷ тан аз сокини ин ноҳияро бо моддаи 307 прим 3, қисми 2 (фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ) айбдор кард ва парвандаи онҳоро барои муҳокима ба додгоҳи вилоятӣ ирсол дошт. Як мақоми додгоҳи вилояти Суғд имрӯз, 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси парвандаи ирсолнамудаи додситонии вилояти Суғд, муовини имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо панҷ нафар сокини дигари ҳамин ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъи “Салафия” айбдор мешаванд. Ин манбаъ гуфт, Домулло Искандар дар суханрониҳои худ бештар ба боварҳои равияи “Салафия” такя намуда ва як гурӯҳи панҷнафараи “Салафия”-ро аз ҳисоби ҷавонон ташкил додааст. Сокинони дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -- Нурулло Қодиров, Ҳусейн Ортиқов, Толибҷон Додобоев, Осимҷон Темиров ва Наимҷон Абдуллоев мебошанд, ки дар назди Домулло Искандар таълим мегирафтаанд. Додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, дар назар аст дар ҳафтаҳои наздик мурофиаи ин парванда шурӯъ шавад.

Аммо вакили мудофеъ Нуриддин Маҳкамов мегӯяд, ки феълан Домулло Искандар ва панҷ нафари дигар дар озодӣ ҳастанд ва бо оғози парванда ба СИЗО интиқол меёбанд. Вай аз қавли Домулло Искандар гуфт, ки гӯё ба эътиқоди мақомоти интизомӣ, вай дар хутбаҳои қабл аз намози ҷумъаи худ, ба намозгузорон бештар дар бораи ҷараёни “Салафия” ҳарф зада ва шогирдонашро дар ин рӯҳия тарбия мекардааст. Ҷаноби Маҳкамов афзуд, Домуллло Искандар ин иттиҳомро дар ҳаққи худ тӯҳмат медонад ва мегӯяд, азбаски мардуми мо саводи ками мазҳабӣ доранд, онҳо “Салафия”-ро аз мазҳаби Ҳанбалӣ ё Моликӣ ва ё Шофеъӣ, ки ба сурати умум мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, фарқ намекунанд ва дар сурати дар бораи ин мазҳабҳо сӯҳбат кардан, фикр мекунанд, ки дар бораи Салафия ҳарф зада шудааст.

Ба қавли ин вакили мудофеъ, ин панҷ нафар ҷавонони то 30-сола буда ва зиндагии худро аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ дар Русия таъмин мекунанд. Онҳо низ ҳангоми пурсиш гуфтаанд, ки дар вақти дарс гирифтан аз Домулло Искандар дар бораи "Салафия" ҳеҷ ҳарфу нашуданидаанд ва фақат дар бораи мазҳаби ҳанафия ва дигар мазҳабҳои аҳли сунат ва ҷамоат таълим гирифтаанд. Нуриддин Маҳкамов меафзояд, агар дар додгоҳ ин ҷурм тасдиқ шавад, Домулло Искандар ва 5 нафари дигар ё 5 солӣ аз озодӣ маҳрум мешаванд ва ё 1000 нишондиҳанда, ки ҳар нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст, ҷарима баста мешаванд.

XS
SM
MD
LG