Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӣ-7 терроризм ва тағири иқлимро баррасӣ мекунад


Интизор меравад, ки дар рӯзи дуввуми музокироти раҳбарони кишварҳои Ҷӣ-7 дар Бавария масъалаҳои терроризм ва тағири иқлим баррасӣ шавад. Дар ин мулоқот раҳбарони Британия, Канада, Фаронса, Италия ва Ҷопону Амрико ширкат мекунанд.

Ба ин раҳбарон Ҳайдар Абадӣ-нахуствазири Ироқ ва раиси ҷумҳури Нигерия барои баррасии таҳдидҳои гурӯҳҳои тундгаро, мисли Боко Ҳарам ва “Давлати Исломӣ” ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Дар рӯзи аввали музокироти раҳбарон масъалаи муноқишаҳои Украина баррасӣ шуд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон розӣ шуданд, ки таҳримҳои зидди Русия пурра боқӣ бимонад.

Баъд аз пайвастани Қрим ба Русия дар соли гузашта Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия чанд бор таҳрим ҷорӣ карданд. Тибқи созишномаи дуввуми оташбаси Минск даргириҳо дар шарқи Украина бояд хотима дода шавад.

XS
SM
MD
LG