Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф 9-10 июн ба Душанбе меояд


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Дафтари равобити хориҷаи Навоз Шариф-нахуствазири Покистон ба матбуот хабар додааст, ки як ҳайат ба сарпарастии Навоз Шариф барои ширкат дар ҳамоиши байналмиллалии об дар рӯзҳои 9-10 июн бо даъвати Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон ба ин кишвар хоҳад омад.

Дар ин сафар Навоз Шарифро Хоҷа Муҳаммад Осиф-вазири обу энержӣ ва Сартоҷ Азиз-ёвари вижаи нахуствазир дар умури хориҷӣ ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамоиши байналмиллаии об дар шаҳри Душанбе ба ҷуз аз ҳайатҳои баландпояи кишварҳои хориҷӣ, Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ низ дар ҷаҳорчӯбаи даҳсолаи “Об барои ҳаёт, 2005-2010” ширкат меҷӯяд. Соли 2013 Маҷмаи Умумии СММ бо дархости Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи “Об барои ҳаёт” эълон кард.

Дар ҷараёни ин боздид Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Навоз Шариф дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои энержӣ ва масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG