Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ва Меркел: Таҳримҳои зидди Русия боқӣ бимонад


Обама ва Меркел, акс аз бойгонӣ

Обама ва Меркел, акс аз бойгонӣ

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон розӣ ҳастанд, ки таҳримҳои зидди Русия пурра боқӣ бимонад, то замоне ки Русия созишномаи дуввуми сулҳи Минскро иҷро кунад ва ба тамомияти арзии кишвари ҳамсояи худ эҳтиром гузорад.

Ин ду раҳбар 7 июн дар Бавария дар остонаи мулоқоти раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-7 мулоқот карданд. Меркел гуфт, ки Маскав барои рафтораш нисбат ба Украина ҳоло бояд аз Ҷӣ-7 берун бошад.

Баъд аз пайвастани Қрим ба Русия дар соли гузашта Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия чанд бор таҳрим ҷорӣ карданд. Тибқи созишномаи дуввуми оташбаси Минск даргириҳо дар шарқи Украина бояд хотима дода шавад.

XS
SM
MD
LG