Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Эрдуғон аксариятро аз даст дод


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон

Ҳизби Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия бо номи ҳизби Адолат ва Тарақиёт дар 13 соли охир бори аввал дар интихоботи сартосарии порламонӣ аксарияти ороро бохт.

Шумориши орои интихобкунандагон тақрибан ба поён расидааст ва ин ҳизб тақрибан 41 дарсад рай гирифтааст. Вале дар интихоботи гузаштаи соли 2011 ин ҳизб бештар аз нисфи орои райдиҳандагонро ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб ҳизби Адолат ва Тарақиёт аз 550 курсии порламон 258 курсиро соҳиб хоҳад шуд, ки барои мутақилона ташкил кардани ҳукумат 18 курсӣ намерасад. Аз соли 2002 то ҳол ҳукумат пурра дар ихтиёри ин ҳизб буд.

Ин натиҷаҳо аз як тараф бохти ҳизби ҳоким арзёбӣ мешавад, зеро умед дошт, ки баъд аз интихобот барои бештар кардани ихтиёроти раиси ҷумҳур дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG