Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар Минск аз медалҳо бенасиб монданд.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо, ки рӯзҳои 6-7 июн дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск -баргузор шуд, ноком шуданд. Дар ин мусобиқа 274 варзишгар (180 мард ва 94 зан) аз 34 кишвар барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар шомил буд: Хушқадам Хусравов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳикимов, Муҳаммад Мирзоев (ҳарду - 73 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).

Ба ҷуз Саидҷалол Саидов, панҷ нафари дигар дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Саидҷалол бошад, баъди ду пирӯзӣ бар Александр Романюк (Украина) ва Арчӣ Волфман (Исроил), дар даври севум аз Дмитро Лучин (Украина) ва дар даври ниманиҳоӣ аз Ниёз Билолов (Русия) мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 8 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Олмон бо касби 10 медал (3 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Куба бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт. Тоҷикистон бо 1 ҷойи панҷум аз 11 кишвар пеш гузашт (ҷойи 23-юм).

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон
60 кило

1. БЕСТАЕВ Отар (Қирғизистон)
2. ОЗЛУ Бекир (Туркия)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)
3. ИНОЯТОВ Баҳром (Узбакистон)

66 кило
1. ЛЕ БЛОШ Килиан (Фаронса)
2. АРДАНОВ Азнаур (Русия)
3. ТОНДИКЮ Карлос (Куба)
3. ГАЗАРЯН Арсен (Арманистон)

73 кило
1. ЧАИН Гуллиам (Фаронса)
2. ЕСТРАДА Магдиэл (Куба)
3. БОБОЕВ Гиёсҷон (Узбакистон)
3. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)

81 кило
1. АБДЕЛАЛ Муҳаммад (Миср)
2. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Филипп (Куба)
3. МОЛЛАӢ Саид (Эрон)
3. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)

90 кило
1. КЛЕГЕ Аксел (Фаронса)
2. БЕРНС Эндрю (Бритониёи Кабир)
3. НХАБАЛИ Кюҷау (Украина)
3. ЖУКОВ Игор (Беларус)

100 кило
1. АРМЕНТЕРОС Хосе (Куба)
2. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
3. ЛУЧИН Дмитро (Украина)
3. МИНАСКИН Григорий (Эстония)

+100 кило
1. ХЕИНЛЕ Свен (Олмон)
2. ТАНГРИЕВ Абдулло (Узбакистон)
3. ХОРАК Михал (Ҷумҳурии Чех)
3. КРАКОВЕТСКИЙ Юрий (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG