Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Қирғизистон ба Душанбе меояд


Темир Сариев
Темир Сариев

Темир Сариев, нахуствазири Қирғизистон, рӯзи 8 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Сариев дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом хоҳад дод. Дидору гуфтугӯи ӯ бо Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG