Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду легионери тоҷик барои бозӣ бо Урдун ба Душанбе омаданд


Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозии даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун дар Душанбе омодагӣ мебинад.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба бозии даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун омодагӣ мебинад. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 26 бозигар даъват шудааст. Аз ҳама бештар - 16 нафарро бозигарони “Истиқлол”-и Душанбе ташкил медиҳанд.

Барои ширкат дар ин бозӣ, инчунин ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев аз бошгоҳи «Газовик»-и Оренбурги Русия ва Давронҷон Эргашев аз тими «Жетису»-и Қазоқистон - рӯзи 7 июн ба даста ҳамроҳ шуданд. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вазифаи мо дар сабқати интихобӣ роҳ ёфтан ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мебошад. Мо ба дастгирии мухлисон ниёз дорем ва онҳоро ба Варзишгоҳи марказии Душанбе даъват мекунем. Мекӯшем, ки бо бозии хуб онҳоро хушҳол кунем”.

Дарвоқеъ, тими миллии Урдун пеш аз бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом дод. Бозии аввали урдуниҳо дар шаҳри Ирбид бо мунтахаби Лубнон бо ҳисоби мусовии 0-0 хотима ёфт. Бозии дувуми мунтахаби Урдун 5 июн дар Истамбули Туркия бо тими миллии Кувайт бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи урдуниҳо ба охир расид. Дар нимаи дувум кувайтиҳо ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Дар ин бозии дӯстона ҳайати мунтахаби Урдун чунин буд: Умар Шафеӣ, Анас бани Ясин, Иброҳим Завоҳира, Едӣ Заҳрон, Аднан Адус, Аҳмад Самир, Баха Абдураҳмон, Абдулло Зиб (Муҳамммад Мустафо), Мунзир абу Амора (Едӣ Сайфӣ), Ҳасан Абдуфаттоҳ (Раид Навотир), Ҳамза Дардур (Юсуф Равошида).

Ҳайати варзишии Урдун тавассути ҳавопаймо шаби 7 ба 8 июн аз Дубай ба Душанбе омад. Меҳмонон дар меҳмонхонаи "Шератон" иқомат мекунанд. Дар бораи ҳайати даста тафсилот нашр мешавад. Инчунин дар остонаи бозӣ миёни ду даста, рӯзи 10 июн нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳо дар назар аст.

Рақиби дигари Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 - мунтахаби Бангладеш, ки 11 июн дар майдони худ бо тими миллии Қирғизистон вориди рақобат мешавад, бозии дӯстонаро бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG