Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати генерали тоҷик дар садама


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Собиқ муовири вазири умури дохилии Тоҷикистон бар асари садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе, ба ҳалокат расидааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки генерал-майор Саид Ҷӯрақӯлов, собиқ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикстон рӯзи шанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи Хуҷанд-Душанбе, дучори садама шуда ва ҷон бохтааст. Ба гуфтаи манбаъ, Саид Ҷӯрақулов савори мошини "Тойота Прадо" ҳангоми аз Хуҷанд ба пойтахт омадан ба як мошини дигар бармехӯрад ва дар натиҷа кушта мешавад.

Генерал Саид Ҷӯрақулов афсари собиқадори вазорати корҳои дохилӣ буда, солҳои 2004-2005 дар вазифаи муовини вазири корҳои дохила фаъолият кардааст. Вай баъдан дар охирҳои соли 2005 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ҳамин вазорат буд ва ба дунболи ин масъулият, то замони бознишастагӣ дар вазифаи намояндаи "Интерпол"-и Тоҷикистон кор кардааст. Генерал-майор Саид Ҷӯрақулов дар соли 1952 таваллуд шудааст.

XS
SM
MD
LG