Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон кӯмак фиристод


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои хонаводаҳои камбизот ва ятимону маъюбон ва бепарастон дар вилояти Бадахшон, кӯмакҳо ирсол дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин кӯмакҳо 1100 тонна маводи ғизоиро дар бар мегиранд ва ба 8597 хонаводаи камбизоати ин вилояти кӯҳистонӣ, расонида мешаванд. Ҳамчунин ба 670 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои вилоят ва 77 нафар ятимони кулл сару либос ва пойафзол ва ба маъюбон аробачаҳои маъюбӣ дода мешавад. Арзиши умумии ин кӯмакҳо 5,5 миллион сомониро дар бар мегирад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, барои шаффоф тақсим намудани ин кӯмакҳо, аз ҳисоби аъзои ҳукумат, дастгоҳи президент ва раҳбарони маҳаллии Бадағшон, гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG