Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олии Арабистони Саъудӣ рӯзи 7 июн ҳукми додгоҳии фаъоли сиёсӣ ва блогнавис Раиф Бадавиро, ки дар чанд ҷиноят, аз ҷумла, таҳқири ислом айбдор шудааст, бетағйир гузошт. Бо вуҷуди даъвати сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ҳама гушаву канори олам барои бознигарии ҳукм, блогнавис бояд даҳ солро дар маҳбас сипарӣ кунад ва ҳазор шаллоқ хӯрад.

Раиф Бадавӣ, ки бунёдгузори сомонаи интрентии “Шабакаи либералии Арабистони Саъудӣ” мебошад, моҳи июни соли 2012 боздошт шуда буд. Моҳи январи соли равон ба ӯ 50 бор бо тозиёна заданд ва аммо бар асари бад шудани вазъи сиҳаташ ин ҷазо мавқуф гузошта шуд.

Моҳи марти соли равон Арабистони Саъудӣ маъракаи пуштибонӣ аз Бадавиро “дахолат ба умури кишвар зери ниқоби мубориза барои ҳуқуқи башар” номид.

XS
SM
MD
LG