Пайвандҳои дастрасӣ

Сел дар Исфара ду пулро вайрон ва киштзорҳоро хароб кард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

​Дар пайи фаромадани тарма дар саргаҳи рӯди Исфара сел омада, ду пулро вайрон ва даҳҳо гектар замини кишти сокинонро хароб кардааст.

Дар пайи омадани сел дар ҷамоати Ворухи Исфара ду пул вайрон шуда, даҳҳо гектар замини кишти сокинон ба харобазор табдил ёфтааст. Мақомоти Исфара мегӯянд, ки ин сел субҳи 7 июн омада, марзбонҳои посгоҳи "Бедак" сокинонро зуд аз маҳалли ҳодиса ба ҷойи амнтар кӯчондаанд.

Насибиддин Нуриддинов -- раиси ҷамоати Ворухи Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар саргаҳи рӯди Исфара, тақрибан 30-километрии ҷануби Ворух, тарма фаромада ва боиси омадани сел дар ин рӯдхона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сарҳадбонони тоҷик аз омадани сел хабар ёфта, сари вақт сокинонро огоҳ кардаанд, ки аз заминҳои кишти соҳили рӯд берун шаванд. Оқои Нуриддинов афзуд, омадани сел талафоти ҷонӣ дар пай надорад ва танҳо ду пул ва хатти барқро хароб кардааст.

“Ҳоло тавассути як "хатти сурхи барқ" аз Қирғизистон барои иншооти муҳими иҷтимоӣ, дар навбати аввал барои беморхона қувваи барқ гирифта истодаем," - гуфт мусоҳиби мо. Инчунин, канали "Дӯстӣ" бо сангу шағал ва дарахтони селоварда пур шуда, 150 гектар киштзори ҷамоати Ворух ва даҳҳо гектар замини Оқсой дар ҳоли ҳозир беоб мондаанд. Вале, ба гуфтаи вай, ситоди махсус таъсис шуда, ҳоло мутахассисону сокинон ба рафъи оқибатҳои сел машғуланд. "Ҳоло мутахассисон ба барқарор кардани хатти барқ машғуланд ва умед дорем, то субҳи дигар хонаҳои сокинонро ҳам бо барқ таъмин куне," - афзуд раиси ҷамоати Ворух.

Сел маҳалли дигари воқеъ дар рӯ ба рӯи деҳаи Хоҷаи Аълоро низ бо сангу лой ва дарахтон пур кардаст. Бибинодира Авазова, сардори як хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 2 гектар замини кишти шоливу ҷуворӣ ва дигар зироати хоҷагиаш зери лойу рег мондаанд: "Ин барои хоҷагии мо талафоти хеле калон аст. Хушбахтона, пагоҳирӯзӣ моро аз фуромадани тармаву омадани сел хабардор карданд, вагарна мумкин буд деҳқонон, ки дар ҳавои гарму бебориш ҳамроҳи зану фарзандонашон дар замин каланд мезаданд, талаф меёфтанд.”

Ба қавли сокинон, мутахассисон ҳанӯз 3 сол қабл онҳоро аз эҳтимоли тармакӯчӣ дар саргаҳи рӯди Исфара ва омадани сели ногаҳонӣ ҳушдор дода будаанд. Раиси ҷамоати Ворух мегӯяд, ҳоло намедонанд оё хатари такрори тармафароиву сел боқӣ мондааст, ё на. Ду - се рӯзи охир ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои вилояти Суғд боло рафта, рӯзи якшанбе 40 дараҷаро нишон медод.

XS
SM
MD
LG