Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни зарбаҳои ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба шаҳри Санъо, аз ҷумла, ба бинои Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, то 44 нафар афзоиш ёфт.

Гуфта мешавад, миёни қурбониён сокинони осоишта низ ҳастанд ва аммо бештари онҳо сарбозонеанд, ки барои дарёфти маоши моҳона ба ситод омада буданд.

Масъулини бемористони пойтахти Яман ба хабаргузории Сабо гуфтанд, дар ин зарбаҳо, ки рӯзи 7 июн сурат гирифтанд, беш аз сад нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилои расмӣ, бар асари ин зарбаҳо бинои Ситоди артиш валангор шуда, биноҳои атрофи он ҳам осеби ҷиддӣ дидаанд. Гуфта мешавад, ки зарбаҳои нав – вокуниш ба партоби як мушаки балластикии аз сӯи ошӯбгарони ҳусӣ аз қаламрави Яман сӯи Арабистони Саъудист. Ба иттилои хабаргузории расмии Арабистони Саъудӣ, мушаки “Скат” аз сӯи таҷҳизоти зиддимушакии “Патриот” дар наздикиҳои шаҳри Хамис-Мушаит, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, нобуд карда шудааст.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ 26 март, баъд аз фирори раисиҷумҳури Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ аз кишвар ба думболи ишғоли пойтахт ва шаҳрҳои бузург аз сӯи ҳусиҳо, зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ин шибҳанизомиёнро шурӯъ кард.

Бино ба иттилои ахири Созмони Милали Муттаҳид, бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилоф беш аз ҳазор сокини осоиштаи Яман кушта шуда, беш аз як миллион нафар макони зисти худро тарк намудаанд.

XS
SM
MD
LG