Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 яманӣ аз зарбаҳои ҳавоии Эътилоф


Мансабдорони яманӣ гуфтанд, ки зарбаҳои ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба бинои Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар шаҳри Санъо рӯзи 7 июн боиси ҳалокати дасти кам 22 нафар шуданд. Бештари қурбониёнсарбозонеанд, ки барои дарёфти маоши моҳона ба ситод омада буданд.

Ба иттилои расмӣ, бар асари ин зарбаҳо бинои Ситоди артиш валангор шуда, биноҳои атрофи он ҳам осеби ҷиддӣ дидаанд.

Гуфта мешавад, ки зарбаҳои нав – вокуниш ба партоби як мушаки балластикии аз сӯи ошӯбгарони ҳусӣ аз қаламрави Яман сӯи Арабистони Саъудист. Ба иттилои хабаргузории расмии Арабистони Саъудӣ, мушаки “Скат” аз сӯи таҷҳизоти зиддимушакии “Патриот” дар наздикиҳои шаҳри Хамис-Мушаит, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар, нобуд карда шудааст.

Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ 26 март, баъд аз фирори раисиҷумҳури Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ аз кишвар ба думболи ишғоли пойтахт ва шаҳрҳои бузург аз сӯи ҳусиҳо, зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ин шибҳанизомиёнро шурӯъ кард.

Бино ба иттилои ахири Созмони Милали Муттаҳид, бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои эътилоф беш аз ҳазор сокини осоиштаи Яман кушта шуда, зиёда аз як миллион нафар макони зисти худро тарк намудаанд.

XS
SM
MD
LG