Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи киштиҳои низомии Русияву Миср дар баҳр


Вазорати дифои Русия рӯзи 7 июн аз шурӯи нахустин тамринҳои муштараки киштиҳои низомии Русиву миср дар баҳри Миёназамин хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, тамринҳои “Купруки дӯстӣ-2015” рӯзи шанбе баъди бандари Искандарияи Миср шудани киштиҳои Флоти Баҳри Сиёи Русия оғоз ёфтанд. Қарор аст, ки машқҳои муштарак то рӯзи 14 июн идома кунанд. Тайи як ҳафта киштиҳои низомӣ бо мусоидати ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳама гуна навъҳои дифоъ аз таҳдидҳо дар баҳр ва амалиёти ҷустуҷӯро тамрин мекунанд.

Дар машқҳо аз ҷониби Русия 5 киштӣ, аз ҷумла, крейсери “Москва” ва киштии Самум ва аз тарафи Миср ҳам панҷ киштии низомӣ, аз ҷумла, “Таба” ва “Думят” ширкат доранд.

Моҳи гузашта Русия ва Чин низ ҳамин гуна машқҳоро дар баҳри Миёназамин анҷом дода буданд.

XS
SM
MD
LG