Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ талоши дубора таҳти назорат гирифтани волусволии Юмгони вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи кишварро мекунанд. Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, волии Бадахшон, рӯзи 7 июн гуфт, ки нерӯҳои иловагии амниятӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Юмгон фиристода шудаанд.

Толибон рӯзи шанбе волусволии Юмгонро ишғол карданд. Дар набардҳо ба гуфтаи Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, дасти кам даҳ тан аз мухолифини давлат ва чаҳор сарбози ҳукуматӣ ҷон бохтаанд. Ӯ ҳамчунин ҳузури мусаллаҳони хориҷии ҷунбиши "Толибон" дар ҳамла ба Юмгонро тасдиқ намуд.

Баҳори соли гузашта ҳам толибон волусволии Юмгонро тасарруф карда буданд, аммо нерӯҳои ҳукуматӣ баъд аз ду рӯз ин мавзеъро дубора таҳти назорат қарор дода буданд.

Ҳамлаи Толибон ба Юмгон дар ҳоле сурат гирифт, ки нерӯҳои амниятии афғон имсол бори аввал бидуни низомиёни хориҷӣ бо мухолифини давлат вориди даргирӣ мешаванд – сарбозони НАТО охири соли гузашта рисолати худро дар Афғонистон анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG