Пайвандҳои дастрасӣ

Попи Рум Франсиск рӯзи шанбе аз мусалмонҳо, ортодоксҳо ва католикҳои Боснӣ ва Ҳерсеговина хост, ки ҷароҳатҳои амиқи гузаштаро фаромӯш кунанд ва барои фардои мусолиматомез ҳамкорӣ намоянд. Ӯ ба зарурати ҷилавгирӣ аз ваҳшатафканӣ ва талошҳои истифодаи дину мазҳаб барои хушунат таъкид намуд.

Ҳадаф аз сафари якрӯзаи Попи Рум ба шаҳри Сараево таҳкими робитаҳои мусолиматомез миёни ҷамоаҳои сербҳо, хорватҳо ва мусалмонҳои Боснӣ эълон шуда буд. Ин сафар баъд аз тақрибан 20 соли хатми ҷанг дар ин минтақаи Югославияи собиқ сурат мегирад.

Ба иттилои хабаргузориҳо, дар роҳ аз фурудгоҳ то маркази Сараево ҳазорон сокинони Боснӣ аз Попи Рум истиқбол карданд. Поп Франсиск баъд аз мулоқот бо раҳбарони Боснӣ ва намояндагони динҳои католикӣ, православӣ, мусалмонӣ ва ҷамоаи хурди яҳудиҳо дар варзишгоҳи олимпии Сараево дар ҳузури 65 ҳазор нафар, асосан католикҳо, ниёиш анҷом дод.

Баъд аз шурӯъи ҷанг дар Югославия дар соли 1992 сеяки хорватҳо, ки аз дини католикӣ пайравӣ мекунанд, Босниро тарк намуданд. Акнун Боснӣ, ки 3.8 миллион аҳолӣ дорад, аз Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ ва Федератсияи хорватҳову мусалмонҳо иборат аст.

Барои таъмини амният дар ҷараёни сафари Попи Рум ба Сараево дасти кам 5 ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

5 июн афроди мусаллаҳе, ки худро аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» муаррифӣ кардаанд, дар як навори видеоӣ ба ҷиҳод дар нимҷазираи Балкан даъват намуданд, аммо маълум нест, ки ин даъват бо ташрифи Попи Рум ба Сараево рабте дошт ё на.

XS
SM
MD
LG