Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

396 нафар - қурбониёни киштии "Ситораи Шарқ"


Теъдоди қурбониёни киштии ғарқшудаи чиноии «Ситораи Шарқ» то 396 нафар афзоиш ёфт. Тақрибан 50 нафар мусофирони ин киштӣ, ки рӯзи 2 июн дар рӯдхонаи Янтзӣ, воқеъ дар маркази Чин, зери об рафт, то ҳол беному нишонанд. Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд.

Аз 456 мусофири «Ситораи Шарқ» фақат 14 нафар, аз ҷумла, капитани киштӣ, наҷот ёфтаанд. Наҷотбахшон тавассути кран киштиро аз қаъри рудхона берун бароварданд.

Киштӣ аз шаҳри Нанкин сӯи Чунтсин ҳаракат мекард ва вориди минтақаи сиклон шуд - ҳаракати шамол дар рӯдхона ба 130 километр дар як соат мерасид. Ба гуфтаи капитани киштӣ, «Ситораи Шарқ» тайи ду дақиқа ба зери об рафт.

Расонаҳои чиноӣ менависанд, ки фоҷиаи «Ситораи Шарқ» - мудҳиштарин дар рӯдхонаҳи кишвар дар ҳафтод соли ахир аст.

XS
SM
MD
LG