Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як рӯзномаи олмонӣ навиштааст, ки бештари кишварҳо мизбонии Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро ғайримунсифона соҳиб шудаанд.

Хабарнигорони рӯзномаи Die Zeit баъд аз як пажуҳиш ба натиҷае расиданд, ки Олмон ба ивази сармоягузории бузург ба саноати Таиланд ва Кореяи ҷанубӣ ва интиқоли силоҳ ба Арабистони Саъудӣ дар сабқат барои мизбонии Ҷоми ҷаҳон пирӯз шудааст.

Гуфта мешавад, яке аз корхонаҳои бузурги мошинбарории Олмон ба як ширкати Кореяи Ҷанубӣ, ки писари бунёдгузораш узви кумитаи иҷроияи ФИФА – Федератсиони байнулмилалии анҷуманҳои футбол будааст, садҳо миллион евро маблағгузорӣ кардаст. Садри аъзами вақти Олмон Герҳард Шрёдер бошад, як ҳафта қабл аз интихоботи кишвари мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар мавриди интиқоли миқдори бузурги силоҳ ба Арабистони Саъудӣ тасмим гирифта будааст.

Дар сабқат барои мизбонии Ҷоми ҷаҳон Олмон аз болои рақибонаш – Бразилия, Марокаш, Англия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ пирӯз шуда буд.

Ба навиштаи Die Zeit, ҳамин гуна дигар кишварҳо – Фаронса дар соли 1998, Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2002, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар соли 2010. Бразилия дар соли 2014 ҳам “ғайримунсифона” ба мизбонии Ҷоми ҷаҳон даст ёфта буданд.

Гуфта мешавад, ки таҳқиқоти Die Zeit идомаи моҷарои фасод дар ФИФА, ки ду ҳафтаи ахир дар сархати хабарҳои олам аст. Се рӯз пеш Интерпол, Полиси Байнулмилал, бо дархости ИМА, дастури боздошти шаш нафар аз масъулони собиқи ин созмони ҷаҳонии футболро ироа кард. Гуфта мешавад, барои боздошти ду тан аз мансабдорони воломақоми ФИФА ва чаҳор корманди аршади он “дастури сурх” дода шуд ва бахшҳои Интерпол дар ҳама кишварҳои олам муваззафанд, ки баробари пайдо кардани ин афрод билофосила онҳоро дастгир кунанд. Ба феҳристи Интерпол муовинони пешини раиси ФИФА Ҷек Уорнер аз Тринидад ва Тобаго ва Николас Леоз аз Парагвай, ҳамчунин кормандони аршад Алехандро Бурсако, бародарон Ҳюго ва Мариано Хинкис ва Хосе Маргулис шомил шудаанд. Ҳамаи онҳо дар фасод ва сӯиистифода аз мақом гумонбар мешаванд.

Зепп Блаттер мақомашро тарк мекунад

Зепп Блаттер мақомашро тарк мекунад

Дастури Интерпол як рӯз баъд аз он ироа шуд, ки Зепп Блаттер, раиси ФИФА, дар бораи тарки мақомаш хабар дод. Блаттер ҳафтаи гузашта бори панҷум раиси ФИФА интихоб шуд ва гуфта буд, ки то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Ӯ рӯзи 29 май, баъд аз эълони пирӯзияш дар Сюрихи Швейтсария, гуфт, "ман киштиеро бо номи ФИФА роҳбаладӣ мекунам. Бале, ман одами идеалӣ нестам, аммо ҳеч кас ҳам идеалӣ нест. Мо дар якҷоягӣ пирӯз хоҳем шуд. Ба пеш, ФИФА!"

Санаи Конгрессе, ки бояд аризаи Блатерро тасдиқ ва раиси нави ФИФА-ро интихоб кунад, ҳанӯз мушаххас нашудааст – бар пояи хабарҳо, он шояд охирҳои сол баргузор шавад. То он рӯз Зепп Блаттер ба ифои вазифааш идома хоҳад дод.

Моҷарои фасод дар ФИФА ба вижа, қабл аз интихоботи раиси ин ниҳоди футбол жарфтар шуд. Рӯзи 27 май Додситонии кулли Швейтсария хабар дод, ки алайҳи чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯистифода аз мақом ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти "ҷоизаҳо" дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аз ин пеш идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дода буд.

Александр Просветов, шореҳи футболи нашрияи “Спорт-Экспресс”, чопи Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мавзӯи фасод дар ФИФА тайи 25 соли ахир пайваста ба миён гузошта мешавад. Ӯ мегӯяд, “пули калон одамонро ба баъзе амалҳои бад васвосӣ мекунад ва мавзӯъи фасод ҳангоми садорати раҳбари пешини ФИФА Авеланҷ ҳам матраҳ буд. Аммо дар ин қазия фақат Блаттерро айбдор кардан мушкил аст, зеро ФИФА бештар ба СММ шабоҳат дорад, яъне ҳар кишвар намоянда дорад, ҳар кишвар раъй медиҳад ва ӯ аз болои ҳама назорат карда наметавонад. Хуб, агар худи Блаттерро дар ягон ҷурм гунаҳкор мекарданд, гапи дигар мебуд”.

Аз ӯ суол кардем, ки моҷарои фасод дар ФИФА-ро дар Русия чӣ гуна қабул карданд ва оё нигарониҳоеро дар бораи баргузор нашудани Ҷоми футбол 2018 дар Русия ба бор наовардааст? “Нигарониҳо ҳастанд ва метавонам бигӯям, ки ин нигарониҳо миёни мардум тақрибан 50 дар садро ташкил медиҳанд. Аммо раҳбарон бовар доранд, ки ҳодисае рӯй нахоҳад дод. Дар асл, бибунед, ҳадс зада мешавад, ки Мишел Платиниро раиси ФИФА интихоб мекунанд. Ва зимнан, Платинӣ соли 2010 барои мизбонии Русия ва Қатар дар Ҷомҳои футбол овоз дода буд. Агар тафтишот собит кунанд, ки Русияву Қатар ғайримунсифона ё аз роҳи фасод мизбонии Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд, шояд тасмими ҷиддӣ гирифта шавад, аммо агар чизеро исбот карда натавонад, чӣ гуна метавон баргузории бозиҳои қаҳрамонии футболро лағв кард”, мегӯяд шореҳи футбол.

Ахиран ФБР – Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, ваъда дод, ки ба пажуҳиши мавзӯи тасмими ФИФА оид ба баргузории бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ва Қатар машғул хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG