Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо ҳамтои русаш - Владимир Колоколтсев мавзӯи дар Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани тоҷиконро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин вохӯрӣ 6 июн дар Душанбе сурат гирифта ва ҷонибҳо дар бораи зиёд кардани теъдоди курсантҳои тоҷик дар Донишгоҳҳои олии Русия низ сӯҳбат кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Владимир Колоколтсев гуфтааст, барои ҷилагвирӣ аз пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Русия чораҳои мушаххас андешида хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG