Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Юмгон идома доранд


Садҳо мусаллаҳони ҷунбиши «Толибон» ба Юмгон, як минтақаи дури вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамла карданд. Сахидод Ҳайдарӣ, муовини раиси полиси вилояти Бадахшон, рӯзи 6 июн гуфт, ки ҳамлаи субҳи барвақт шурӯъ шуд ва ҳоло нерӯҳои полиси маҳаллӣ ба зарбаҳо аз чархболҳо ё ҳавопаймоҳои низомӣ ба мавқеъҳои толибон ниёз доранд. Ба Юмгон нерӯҳои иловагӣ фиристода шуданд.

Лаълмуҳаммад Аҳмадазй, сухангӯи раиси полиси Бадахшон, гуфт, ки афроди мусаллаҳи дар канори бинои ҳукумати маҳаллиянд ва даргириҳо идома доранд.

Намояндаи ҷунбиши «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи 6 июн изҳор намуд, ки ҳамларо мусаллаҳони ин гурӯҳ анҷом додаанд.

Шабакаи телевизионии «Тулӯъ» аз суқути Юмгон хабар дод ва аммо мақомоти Бадахшон ин иттилоъро рад карданд. Расонаҳои мустақил ҳам ин хабарро то ҳол тайид накардаанд.

Ҳамла ба Юмгон дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои амниятии афғон имсол бори аввал бидуни низомиёни хориҷӣ бо мухолифини давлат вориди даргирӣ мешаванд – сарбозони НАТО охири соли гузашта рисолати худро дар Афғонистон анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG