Пайвандҳои дастрасӣ

Мансабдорони Малайзия аз пайдо шудани ҷасади боз нӯҳ кӯҳнавард дар баландтарин қуллаи кишвар баъд аз заминларзаи шадиди як рӯзи пеш хабар доданд. Теъдоди қурбониёни заминларза ба 11 нафар расид.

Вазири ҷаҳонгардии аёлати Сабоҳ Масиди Манҷун рӯзи 6 июн ба хабаргузориҳо гуфт, ки ҳашт нафари дигар то ҳол беному нишонанд.

Заминларза рӯзи июн дар аёлати Сабоҳ, воқеъ дар ҷазираи Борне рӯй дод ва боиси канда шудани кӯҳпораву харсангҳо дар кӯҳи Кинабалу шуда даҳҳо кӯҳнавардро ғофилгир кард. Баъзе аз онҳо бо ҷароҳатҳои гуногун тавонистанд, ки аз зери сангҳо берун шаванд.

Наҷотбахшон ҷустуҷӯи ҳашт нафари боқимондаро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG