Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 километр пешрафт дар баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон


Ҷониби Қирғизистон тарҳи санади таъин ва аломатгузории 10 километр минтақаи баҳсии марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро омода карда, аз пешрафтҳои қобили мулоҳиза дар баҳси минтақаҳои дигари баҳсӣ хабар медиҳад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, тарҳи санадеро омода кардаанд, ки дар сурати пазируфта шуданаш аз сӯи Тоҷикистон, баҳси таъин ва аломатгузории 10 километр аз садҳо километри боқимонда аз марзҳои баҳсии байни ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказиро ҳал мекунад. Ин 10 километр дар минтақаи Оқчечек, дар марзи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Қурбонбой Искандаров, намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар масъалаи таъин ва аломатгузории марзҳои ин кишвар рӯзи 5 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди ин 10 километри баҳсӣ ҳанӯз дар нишасти ахири Кумиссиюни байнидавлатии масъули баррасии масоили марзӣ тавофуқу усулӣ ба даст омада буд, ки акнун ба шакли санад аз ҷониби Бишкек ба нишасти навбатии ин кумиссиюн ироа мешавад: “Ихтилофи назар танҳо бар сари як километр монда буд, ки онҷо як чашма ҳаст. Аммо мо бо ташкили як коммиссияи сайёр ба он минтақа рафтем ва бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ бар сари ин чашма ҳам ба тавофуқ расидем.”

Аммо таърихи баргузории ҷаласаи навбатии Кумиссиюни байнидавлатии баҳси масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз маълум нест, чунки раҳбари собиқи ҳайати Тоҷикисто Муродалӣ Алимардон дар ин байн аз мақоми муовини сарвазир рафт ва раиси “Тоҷикагроинвестбонк” таъин шуд ва Душанбе ҳанӯз ба ҷои ӯ нафари дигареро раҳбари ҳайаташ дар музокироти марзӣ бо Бишкек таъин накардааст.

Қурбонбой Искандаров гуфт, то имрӯз аз 907,8 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 567 километраш мушаххас ва аз ин 519 километри марз дар сатҳи кумиссиюни байнидавлатӣ тасвиб ва таъину аломатгузорӣ шудааст: “Дар ҷануб ва шарқ, яъне дар марз бо ноҳияи Ҷиргатол ва бо вилояти Бадахшон, мо танҳо рӯи ду минтақа ҳанӯз баҳс дорем: Олтинмазор ва Унҷунбулоқ. Дигар ҳамааш дар марзи вилоятҳои Бодканду Суғд аст, бахусус байни ноҳияҳои Исфара ва Бодканд. Ин як масъалаи хеле ҳассос аст ва душвор аст гуфтан, ки дар як сол ҳал мешавад ин ҳама ё дар 10 сол. Ба ҳар сурат, дар ин авохир пешрафтҳои қобили мулоҳиза дида мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, ҳарду тараф азми зиёд нишон медиҳанд ба ҳалли баҳсҳо. Мо дар ҷараёни музокирот аз ҷониби Тоҷикистон бархӯрди дӯстона ва ҳусни тафоҳумро мушоҳида мекунем.”

Баҳси таъин ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. Намояндаи вижаи Қирғизистон тасдиқ кард, ки ҷониби Душанбе дар музокироти марзӣ ба асноди даврони тақсимоти марзии Осиёи Марказӣ дар солҳои 1924-1927 такя мекунад, вале ҷониби Бишкек – ба асноди солҳои 1958-1959 ва 1989: “Бадбахтона, кумиссиюни марзӣ дар оғози раванди таъин ва аломатгузории марзи ду кишвар ибтидо як санади мушаххасеро интихоб накард, ки ин равандро бар асоси он ба роҳ монад. Бе пушт-пушт гирифтанду аломатгузорӣ карданд марзҳоро. Ҳоло мо азоби ҳамон иштибоҳҳоро кашида истодаем, чунки хатти кашидаи ҳайатҳои қаблӣ ҳарду тарафро, бахусус сокинони марнотиқи наздимарзиро норозӣ боқӣ гузошт ва сабаби низоъҳо ҳам шуд.”

Тоҷикистону Қирғизистон ба фарқ аз кишварҳои поёноби минтақа, ба далели надоштани захираҳои бузурги нафту газ ва камбуди дастрасӣ ба нирӯи барқ дар аксари баҳсҳои доғи минтақа, аз ҷумла дар масоили обу барқ, дидгоҳи муштарак доранд. Аммо равобити ин кишваррро бештар аз ҳама баҳсҳои марзӣ хадшадор кардааст.

Баҳсҳои марзӣ бахусус дар якуним соли охир авҷ гирифта, боиси чандин моҷаро, аз ҷумла даргириҳои мусаллаҳона ва занозаниҳо байни сокинони ду тарафи марз, бештар дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон шуданд. Қирғизистон дар ибтидои соли 2014 дар пайи чунин як низоъ марзҳояш бо Тоҷикистонро барои қариб 3 моҳ баст ва сафирашро аз Душанбе фаро хонд.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд. Музокироти ҳайатҳои ду тараф дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тавонист оташи танишҳоро то ҳадде фурӯ нишонда, як оромии нисбиро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъмин кунад.

Вале дар пайи моҷароҳои марзии соли 2014 ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Қирғизистон башиддат коҳиш ёфт ва ин тамоюл имсол ҳам давом дорад. Аз ҷумла, бино ба омори расмӣ, дар ду моҳи аввали соли равон Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳаҷми ҳаҷми ҳамагӣ 4 миллиону 191 ҳазор доллар табодули мол доштаанд. Аз ин 3,8 миллионашро содироти молҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон ташкил медиҳад ва Тоҷикистон дар моҳҳои январу феврал ба ин кишвари ҳамсоя ба маблағи ҳамагӣ 376 000 доллар мол фурӯхтааст. Ба ақидаи коршиносон, ин маблағ ҳамсанги додугирифти ду тоҷири сатҳи миёна аст, на ҷавобгӯи зарфиятҳои ду кишвари ҳамсоя, ки беш аз 900 километр марзи муштарак доранд.

XS
SM
MD
LG