Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон барои Тоҷикистон кадрҳо омода мекунад.


Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба омода намудани кадрҳо барои системаи иҷрои ҷиноӣ, созишнома ба имзо расид. Маросими имзои ин созишнома рӯзи 5 июн дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири адлия Шоҳмуроди Рустам ва аз ҷониби Қазоқистон вазири умури дохилии он кишвар К. Қосимов имзо карданд. Бар пояи ин созишнома, ҳамасола даҳ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи квота дар Қазоқистон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. То кунун 20 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон чунин омӯзишҳоро дида ва 30 нафари дигар ба таҳсили худ идома медиҳанд. Вазири умури дохилии Қазоқистон К. Қосимов барои иштирок дар нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар ҳоли ҳозир дар Душанбе қарор дорад.

XS
SM
MD
LG