Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои хариду фурӯши барқ миёни ҳамсояҳо


Бино ба хабари нашрияи “Вечерный Бишкек”, Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи нархи фурӯши барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар мавсими тобистон натавонистаанд ба тавофуқ бирасанд.

Ин рӯзнома аз қавли Нурлан Содиқов-муовини вазири энерживу саноати Қирғизистон навиштааст, ки бо вуҷуди ин музокирот то ҳол идома дорад. Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки нархро боло бибарад. Вале масъала ин аст, ки оё Қирғизистон бо чунин нарх аз Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт ё на.

Содиқов мегӯяд, Қирғизистон мехоҳад барқи бештар, масалан 310 миллиард киловат соат барқ бигирад ва ё ба андозае, ки Тоҷикистон метавонад ба Қирғизистон диҳад.

Тоҷикистон мехоҳад ҳар киловат соат нируи барқро ба арзиши 3,5 сент бидиҳад, вале Қирғизистон мехоҳад онро 2,0 сент бихарад. Ҳоло нархи як киловат соат нируи барқи Тоҷикистон барои аҳолӣ бештар аз 2 сент арзиш дорад.

Қирғизистон дар фасли тобистон барои минтақаҳои шимолии худ аз Қазоқистон ҳар киловат соат нируи барқро бо нархи 7 сент мехарад.

XS
SM
MD
LG