Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирон вазъи амниятии минтақаро баррасӣ карданд


Владимир Колоколтсев

Владимир Колоколтсев

Владимир Колоколтсев-вазири корҳои дохилаи Русия дар Душанбе гуфт, Русия аз манбаъҳои нави нооромӣ , ки ба кишварҳо узви Созмони ҳамкории Шонгҳой таҳдид мекунад, нигарон аст. Вай ин суханонро дар поёни ҷаласаи вазирони корҳои дохилаи узви ин созмон ба рӯзноманигорон баён дошт.

Вай гуфт, дар давоми чанд моҳи охир нируҳои интизомии Русия даҳҳо нафар афроди гумонбар ба терроизмро боздошт кардаанд. 15 нафар аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз байн бурда шудаанд.

Вале Колоколтсев дар бораи маҳалли ташвиқу сафарбарии шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷиҳод маълумот надод ва гуфт, ки маълумоти маҳрам аст.

Бино ба гуфтаи Колоколтсев, вазирон стратегияи мубориза бо терроризмро то соли 2025 баррасӣ ва таҳия кардаанд. Дар ин ҷаласа вазирони корҳои дохила аз Қазоқистону Қиризистон, Русияву Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG