Пайвандҳои дастрасӣ

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳимояти иттилоотии шабакаи нашаротии Tajinfo 10 июн дар Қасри миллатҳои шаҳри Маскав шаби эҷодии шоир ва нависандаи ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ баргузор мешавад. Осори Аниса хонандаи зиёд дорад ва ӯ аз тарафи портали умумирусиягии Проза.ру ба унвони "Нависандаи сол" пешбарӣ шуда, аз соли 2014 ба ин сӯ сухангӯи Конгресси ҷаҳонии нависандагон аст. Шабнишинӣ бо Аниса Собирӣ дар пасманзари намоишгоҳи рассомони тоҷик баргузор мешавад, ки бо эҳтимоми Юлия Вербитская ва пуштибонии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ифтитоҳ ёфтааст.

XS
SM
MD
LG