Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ғайрирасмӣ бо Толибон дар Норвегия


Муҳаммад Наим, яке аз сухангӯёни Толибон

Муҳаммад Наим, яке аз сухангӯёни Толибон

Як гурӯҳи сиёсатмадорон ва аъзои ҷомеаи маданӣ дар Норвегия бо намояндагони Толибон музокира анҷом медиҳанд. Дар номаи электроние ба матбуот Забеҳулло Муҷоҳид 5 июн навишт, ки ин баррасиҳо ғайрирасмӣ мебошанд ва онро наметавон “музокироти расмии сулҳ” номид.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Норвегия дар номаи худ ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки ҳайатҳо дар чаҳорчӯбаи имконоти худ ба баррасиҳои ғайрирасмӣ машғуланд ва ақидаҳои шахсии худро изҳор медоранд.

Бино ба гузоришҳо, дар миёни ҳайати Кобул хонумҳо Шукрия Борикзай ва Фавзия Куфӣ-аъзои порломони Афғонистон ва Ҳаво Олим Нуристонӣ ва Садиқа Балхӣ-аъзои Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ҳастанд.

Дар давраи ҳокимияти Толибон дар Кобул дар солҳои 1996-2001 занон аз ҳуқуқи аслии худ маҳрум буданд.

XS
SM
MD
LG