Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул 18-35-солаҳоро "гурӯҳи риск"-и ДОИШ номид


Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов, ки дар навоҳии вилояти Суғд бо фаъолон ва падару модарон мулоқотҳо баргузор мекунад, гуфтааст, ки махсусан ҷавонони аз 18 то 35-сола ҳадафи таблиғоти гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор мегиранд, биноан бояд ба ин қишри аҳолӣ диққати махсус дода шавад. Вай афзудааст, ҳоло тақрибан 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафҳои ДОИШ дар ҷангҳо ширкат мекунанд. Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон то ҳоло наздик ба 60 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд. То имрӯз Юсуф Раҳмонов дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҷаласаҳо баргузор намуд. Пеш аз ӯ вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ бо чунин рисолат ба вилояти Суғд сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG