Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ист Эйр”: Агар иҷозаи кор диҳед, “Аэробус А320” меорем


Мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Ист Эйр” дар як номаи расмӣ ба унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки агар ба фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар иҷоза диҳанд, як ҳавопапймои нави “Аэробус А320” хоҳад овард. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо аз ҳавопаймоҳои сохти Шӯравӣ, МА-60-и Чин ва “Боинг” истифода мекунанд. Ин номаи Владимир Куимов ба президенти Тоҷикистон рӯзи 3 июн ирсол шуда, ӯ инчунин ваъда додааст, 160 корманди ширкатро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, дубора бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард.

Дар муроҷиатномаи Владмир Куимов зикр шудааст, иҷозатномаи “Ист Эйр” дар моҳи октябри соли гузашта қатъ карда шуд ва ин ширкат то ҳоло натавонистааст дар Тоҷикистон ба фаъолият пардозад. Ӯ мегӯяд, далели қатъи фаъолияти онҳо дар Тоҷикистонро намефаҳмад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ ширкаташон аз ширкатҳои ҳалолкор буд ва танҳо дар 9 моҳи соли гузашта ба буҷаи Тоҷикистон 21 миллион сомонӣ андоз супурдааст. Вай мегӯяд, ҳоло 75 дарсади бозори ҳавопаймоии Тоҷикистонро ширкатҳои хориҷӣ, ба мисли ширкатҳои Русия, Туркия ва Қазоқистон пур кардаанд ва “Ист Эйр” ҳамчун ширкати маҳаллӣ метавонад бо онҳо вориди рақобат бишавад.

“East Air” ширкати саҳомӣ буда, 51 дарсади саҳмияҳояш ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад ва 49 дарсади дигар ба як шаҳрванди Олмон тааллуқ дорад. Ин ширкат даҳ сол ба ин тараф бо 5 ҳавопаймо дар Тоҷикистон фаъолият дошт ва аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон ва Оренбурги Русия парвозҳо анҷом медод. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, дар бозори парвозҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки бо нархҳои осмониаш шӯҳрат дорад, нархи чиптаи онҳо нисбат ба дигар ширкатҳо ҳамеша ба камияш 50 доллар арзонтар буд ва дар ниҳоят маҳз ҳамин арзонфурӯшӣ сари ширкати онҳоро “хӯрд”.

XS
SM
MD
LG