Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Порошенко аз "таҳдиди бузург"


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ҳушдор дод, ки имкони оғози дубораи даргириҳои густарда дар шарқи Украина вуҷуд дорад ва вай онро ба гуфтаи худаш “таҳдиди бузург” арзёбӣ кард.

Порошенко дар паёми солонаи худ дар порламон ё Верховная Рада 4 июн гуфт, низомиёни Украина бояд омода бошанд, то таҷовузи доманадор дар тамоми имтидоди марз бо Русияро баргардонанд.

Вай афзуд, ҳоло бештар аз 9 ҳазор нафар сарбозони Русия дар хоки Украина қарор доранд. Киев ва Ғарб Русияро муттаҳам мекунанд, ки аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷонибдорӣ мекунад. Вале Маскав ин иттиҳомотро қабул надорад.

Ин изҳороти Порошенко дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш шадидтарин даргириҳо миёни нируҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шаҳраки Маринка дар ғарби Донетск рух додааст.

Гузашта аз ин, нозирони САҲА мегӯянд, ки онҳо ҳаракати даҳҳо тонк ва техникаи зиреҳдорро дар қаламрави зери контроли ҷудоихоҳон мушоҳида кардаанд.

XS
SM
MD
LG