Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ҳафтаи оянда бо попи Рум мулоқот мекунад


Владимир Путин

Владимир Путин

Ватикан мегӯяд, ки ҳафтаи оянда Франсис-попи Рум Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро ба ҳузур мепазирад. Мулоқоти онҳо 10 июн дар Ватикан баргузор мешавад.

Ин нахустин боздиди Путин аз макони муқаддаси мазҳабӣ баъд аз оғози бӯҳрон дар Украина дар як соли охир мебошад. Путин бори охир моҳи ноябри соли 2013 аз Ватикан боздид карда буд. Ватикан дар муноқишаҳои миёни Киев ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия мавзеъгирии эҳтиёткорона дорад.

Интизор меравад, ки Путин дар Милан аз толори Русия дар намоишгоҳи Экспо боздид кунад. Дар ин намоишгоҳ 10 июн рӯзи миллии Русия эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG