Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон хостори узвият дар СҲШ шуд


Салоҳуддин Раббонӣ
Салоҳуддин Раббонӣ

Салоҳуддин Раббонӣ-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон гуфтааст, кишвараш мехоҳад ба узвияти комили Созмони ҳамкории Шонгҳой дарояд. Вай ин нуктаро дар Маскав дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон баён доштааст.

Оқои Раббонӣ гуфтааст, ки дар сурати даромадан ба узвияти пурра Афғонистон метавонад дар фаъолиятҳои ин созмон ширкати фаъол дошта бошад.

Ҳоло Афғонистон дар ин созмон мақоми кишвари ҳамкор ва нозирро дорад. Раббонӣ ҳамчунин ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро хеле муҳим медонад ва чунин мегӯяд: “Мо бояд барои пайдо кардан ва пешгирӣ кардан аз сарчашмаҳо ва имкониятҳои терроризм дар минтақа ҳамкории наздик дошта бошем”.

Дар Созмони ҳамкории Шонгҳой Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Чин ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG