Пайвандҳои дастрасӣ

Украина мегӯяд, ки дар даргириҳои байни нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи кишвар 5 нафар сарбозонаш кушта, 39 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Юрий Бирюков-мушовири раиси ҷумҳур дар сафҳаи Facebook-и худ 4 июн навишт, ки аксари онҳо дар наздикии шаҳраки Марйинка ба қатл расидаанд.

Киев мегӯяд, ки ҷудоихоҳон бо истифода аз танку тӯп талош кардаанд, мавозеи нируҳои ҳукуматиро ба тасарруфи худ дароранд, ки он нақзи созишномаи оташбас мебошад.

Аз сӯи дигар, ҷудоихоҳон нируҳои давлатиро барои ин ҷанг ва куштори 15 ғайринизомӣ гунаҳгор медонанд.

XS
SM
MD
LG