Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи такрории Муборак баргузор мешавад


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак

Бори дигар мурофиаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср баргузор мешавад. Вайро барои кушторҳои соли 2011 дар ҷараёни як тазоҳурот гунаҳгор медонанд.

Додгоҳи таҷдиди назари Миср 4 июн шикоят бар зидди ҳукми додгоҳро пазируфт. Ҳуснӣ Муборак 87 сол дорад. Қозии додгоҳ гуфт, ки мурофиа 5 июн баргузор хоҳад шуд. Бори севвум ин парванда ба мурофиа гузошта мешавад.

Моҳи ноябри соли 2014дар мурофиаи дуввум маълум шуда буд, ки Муборак барои куштори 800 нафар дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳабси абад маҳкум мешавад.

Муборак моҳи феврали соли 2011 баъд 30 соли ҳокимияташ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ аз мақом барканор шуд. Вай ҳоло дар шифохонаи низомии Қоҳира қарор дорад.

XS
SM
MD
LG