Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мақоми расмии Ироқ гуфтааст, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ дар шаҳраки Ҳавиҷа як корхонаи тавлиди бами мошинҳо, ки ба “Давлати Исломӣ” тааллуқ дорад, ба хок яксон шудааст. Дар ин ҳамла талафоти зиёд ва харобиҳои зиёд ба бор омадааст.

Садои ин таркишҳоро дар 55 километрии Ҳавиҷа дар шаҳри Киркук, ки дар назорати курдҳо қарор додрад, шунидаанд. Мақомоти ироқӣ мегӯянд, ки ин ҳамларо нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико анҷом додаанд.

Дар дохили ин корхона, ки тонкҳо ва миқдори зиёди маводи тарканда нигаҳдорӣ мешуд, бузургтарин корхонае аз чунин навъ дар Ироқу Сурия ба шумор мерафт. Дар ин бора як сарҳанги ироқӣ ба хабаргузории Франс Пресс маълумот додааст.

Муҳаммад Халил Ҷубурӣ-муовини раиси кумитаи амнияти вилояти Киркук ҷузъиёти ин ҳамларо, ки субҳи 3 июн анҷом гирифта буд, таъйид кард. Ин ду манҷаъ мегӯянд, ки дар ин ҳамла шумораи зиёди тундравҳои Давлати Исломӣ ва аҳолии маҳаллӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG