Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафтаи оянда Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мешавад. Тилофат Шоева, як масъули дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4 июн зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи барнома Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон аз 7 то 13 июн баргузор мегардад. Хонум Шоева афзуд, ки ба манзури ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳайати беш аз 40-нафара дар раъси Ибодулло Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанг сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи хонум Шоева, ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳунармандону фарҳангиён ва аҳли адаб ташкил медиҳад, бо барномаи рангине хотири ширкатдорони Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистонро шод хоҳанд кард. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон рӯзи 8 июн дар Филармонияи миллии Қирғизистон сурат мегирад. Баъдан баргузории намоишгоҳи наққошон ваа мусаввирони тоҷик дар Осорхонаи миллии Қирғизистон ва филмҳои синамогарони тоҷик дар Хонаи Кинои ба номи Чингиз Айтматов дар назар аст. Ба ин тартиб, маросими итмоми Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи 12 июн дар Театри опреа ва балети ин кишвар дар назар аст, ки шомили барномаи консертӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG