Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати Раҳмон ва Шойгу дар бораи вазъи минтақа


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Сергей Шойгу -- вазири дифои Русия, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, шиддат ёфтани вазъ дар шимоли Афғонистонро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, ин сӯҳбат 4 июн сурат гирифта ва ба тақвияти ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон низ таваҷҷуҳ шудааст. "Дар ин робита доир ба навсозии техникии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯ сурат гирифт," -- афзуд манбаъ. Ҳамзамон таъкид шудааст, ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо пойгоҳи низомии 201-и Русия тақвият ёбад. Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Шойгу, инчунин, омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Русияро баррасӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG