Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Олимов дабири кулли ояндаи СҲШ?


Нашрияи "КоммерсантЪ", чопи Маскав, бо такя ба манобеи худ гуфтааст, дипломати тоҷик Рашид Олимов ба эҳтимоли зиёд дабири кулли Созмони Ҳамкории Шонгҳой ё ШОС интихоб шавад. Ба қавли нашрия, ин мавзӯъ дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзи 3 июн дар Маскав баррасӣ шуда, дар сурати тасдиқи номзадии Олимов ӯ моҳи январи соли 2016 Дмитрий Мезентсевро иваз хоҳад кард. Мезентсев намояндаи Русия аст, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дабири кулли СҲШ мебошад. Рашид Олимов даҳ сол боз сафири Тоҷикистон дар Чин аст. Аз ин пеш ӯ намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид буд.

XS
SM
MD
LG